Саҳобиддин Садриддинзод

Саҳобиддин Садриддинзод 20-уми июли соли 1993 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номбурда соли 2012 ба факултети Забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил гардида, айни замон донишҷўи курси 5-уми донишгоҳи мазкур мебошад.
Ӯ ҳамчунин мактаби миёнаи Абли Коммюнити Ҳайскул (Ubly Community High School) дар Штати Мичигани ИМА-ро хатм кардааст.
Саҳобиддин фаъолияти меҳнатиашро аз 22-юми июн соли 2013 дар ҶДММ «Пакрут» ба ҳайси тарҷумони забони англисӣ оғоз намуда, аз моҳи октябри соли 2013 то ҳол чун наттоқи забони англисӣ дар Идораи  барномаҳои иттиллоотии «Ахбор»-и  «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият дорад.