Оғози сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб мардуми шарафманду меҳмоннавози ин сарзамини бостонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешвоз гирифтанд.