«Барқчӣ» ва «Регар Тадаз» имрӯз даври 7-умро оғоз мебахшанд

Имрӯз дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт бозии аввали даври ҳафтуми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ бо вохӯрии дастаҳои «Барқчӣ» ва «Регар ТадАЗ» оғоз меёбад.
Ин вохӯриро довар Хусрави Сиддиқзод бо гурӯҳаш ҳакамӣ мекунад.
«Регар ТадАЗ» дар мақоми 4 ва «Барқчӣ» дар зинаи 8 мавқеъ доранд. Барои «Регар ТадАЗ» варзишгоҳи «Авиатор» бахосият  маънидод мешавад, зеро дар даври панҷум соҳиби ҷои дуввум- дастаи «Хайр»-ро бо натиҷаи 1:0 мағлуб карда буд. Ғалаба дар ин бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали раддабандии мусобиқот устувор хоҳад кард.
21 май рақобатҳои боқимондаи ин давр «Хайр» бо «Истиқлол»,«Ҳосилот»- «Хуҷанд»,   «Вахш»-КМВА «Помир»  ва «Равшан»-«Парвоз» гузаронида мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки аз сабаби ба рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадани 22 май дар тақвими бозиҳои Лигаи олӣ тағйирот ворид гардид.