Аъзои собиқ Комиссияи оштии миллӣ аз ҷараёни музокироти сулҳ ёдоварӣ мекунанд

Пагоҳ дар Душанбе бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар шароити муосир: вазъ ва дурнамо» баргузор мегардад.
Тавре ки аз маркази мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар конфронс иштирокдорони музокироти сулҳи тоҷикон, аъзои собиқ Комиссияи оштии миллӣ, намояндагони вазорату муассиcаҳои давлатӣ, муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷии муқими Душанбе, рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ ширкат меварзанд.
Бояд гуфт, конфронси ҷумҳуриявӣ дар доираи «Нақшаи баргузории машваратҳо, семинарҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо барои соли 2016» гузаронида мешавад.
АМИТ «Ховар»

Tags: