Дар Қазоқистон силсилаҳамлаҳо дар Актоберо амали террористӣ номиданд

Раиси Сенати Парлумони Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев силсилаҳамлаҳо дар Актоберо ҳамлаи террористӣ номид.
«Ҳамлаи террористӣ дар Актобе дар арафаи моҳи муқаддас — Рамазон як зуҳури беномусӣ ва бераҳмии ҷинояткорон аст. Барои ҷазои онҳо тадбирҳои сахттарин андешида мешаванд», — навиштааст ӯ дар саҳифаи расмии худ дар Twitter.
Рӯзи якшанбе дар се минтақаи шаҳр тирпаронӣ рух дод, баъдан маълум шуд, ки шахсони номаълум ба ду мағозаи аслиҳа ва қисми ҳарбӣ ҳамла кардаанд. Дар ҷараёни амалиёти махсус чор ҷинояткор нобуд ва ҳафт нафари дигар дастгир карда шуданд.
Се ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд ва се сарбоз ҷароҳат бардоштанд.
АМИТ «Ховар»

Tags: