Баррасии се лоиҳаи қонуни конститутсионӣ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон

Ояндаи наздик вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи се қонуни конститутсионии кишвар тағйиру иловаҳо ворид менамоянд. Дар ин росто 6 июн дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси палатаи поёнии Парлумони кишвар доир гардид, лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» баррасӣ гардиданд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро муҳокима намуданд.
Доир ба масъалаҳои баррасишуда раисони кумитаиҳои Маҷлиси намояндагон Эмомалӣ Насриддинзода, Олимҷон Салимзода ва дигар аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат барои такмили онҳо андешаҳояшонро иброз доштанд.
АМИТ «Ховар»

Tags: