Пиров Раҳматулло

Пиров Раҳматулло 5-уми августи соли 1983 таваллуд шудааст.
Номбурда хатмкардаи шуъбаи муносибатҳои байналхалқии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Раҳматулло аз соли 2006 инҷониб дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон фаъолият менамояд.
 Ӯ то имрӯз дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:
Солҳои 2006-2010 муҳаррири хурд, муҳаррир ва мудири шуъбаи мухбирони минтақавии Идораи барномаҳои иттилооти Шабакаи якум;
Солҳои 2010 – 2011 сармуҳаррири гурӯҳи эҷодии «Фаросӯ»;
Солҳои 2011 – 2012 сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ;
Солҳои 2012 – 2013 муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ;
Вай як муддат ба ҳайси сармуҳаррири идораи барномаи иттилоотии «Ахбор» низ кор кардааст.
Пиров Раҳматулло феълан ба ҳайси сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ фаъолият дорад.