ВАО: Дар пойтахти Сомалӣ таркиши сахт рух дод

Теъдоди қурбониён аз таркиши бомба, ки дар пойтахти Сомалӣ- Могадишо сурат гирифт, то 10 нафар афзуд. Дар ин бора  агентии «Reuters» хабар дод.
«То кунун мо медонем, ки даҳ нафар, аз ҳисоби пиёдагардон ва мусофироне, ки дар роҳ буданд, ба ҳалокат расиданд ва беш аз даҳҳо кас ҷароҳат бардоштанд», — изҳор дошт ба  агентӣ полиси  Сомалӣ майор Иброҳим Ҳасан. «Шумораи қурбониён меафзояд.  Ба гумони мо  дар дохили меҳмонхона  ҷангиён қарор доранд, чунки  бошандагон аз  он  берун намебароянд», — афзуд афсар.
Масъулияти  ҳамларо  гурӯҳи исломии «Аш-Шабоб» ба уҳда гирифт,- иттилоъ медиҳад  AFP.
Манбаъҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳодат медиҳанд, ки дар  меҳмонхона  вакилони парлумон  қарор мегиранд.