Омодагиҳо барои таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон

Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии кӯдакон, ки ҳамсола 1 июн таҷлил мегардад, дар Маҷмаи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» чорабинии пуршукӯҳ доир хоҳад шуд.
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 1 июн дар «Қалъаи Хуҷанд» намоиши маҳсулоти ҳунарҳои халқии аз ҷониби кӯдакону наврасон омодагашта, барномаи консертии ҳунармандони ҷавон дар назар дошта шудааст. Инчунин бо қувваи табиатдӯстони ҷавон «Гӯшаи зинда» -и паранадаҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвонот ташкил карда мешавад.
Дар чорабинӣ барои ҳозирон барномаи консертии истеъдодҳои ҷавон пешкаш хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ба чорабинии идона намояндагони кӯдакону наврасони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, ятимони кулл ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ҷалб мешаванд.
АМИТ «Ховар»

Tags: