Ғалабаи аввалини наврасони Тоҷикистон бар Афғонистон дар фестивали футболи Осиё

Дирӯз дар варзишгоҳи Академияи «Истиқлол» дар дараи Алмосӣ дастаи мунтахаби футболи то 14 солаи кишварамон бар тими мунтахаби Афғонистон бо натиҷаи 3:0 зафар ёфт. Голҳоро Ислом Зоиров(22),Шарифбек Раҳматов(53,пеналтӣ) ва Дамирҷон Азимов(60) ба нишон расониданд.
Наврасони дастаи мунтахаби Эрон дар бозии нахустинашон тими мунтахаби Непалро бо ҳисоби 6:0 шикаст доданд. Ҳиндустон дар муқобили тими мунтахаби Қирғизистон бо нишондоди 3:1 ба комёбӣ расид.
Дар бозиҳои дуввуми рӯз наврасони Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Эрон бо натиҷаи 3:5 мағлуб шуданд.
Бозиҳо дар фестивали минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ имрӯз идома меёбанд. Дар он Тоҷикистон бо Непал, Эрон бо Қирғизистон,ва Афғонистон бо Ҳиндустон рақобат менамоянд.

Tags: