Нахустин бохти «Саройкамар» дар мусобиқаи Лигаи аввал

Дастаи футболи  «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ғолиби феълии  мусобиқаи  лигаи  аввали  футболи Тоҷикистон, дар даври панҷум дар меҳмонӣ аз тими  «Парвин»-и ноҳияи  Бохтар бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти футболбозони ноҳияи Панҷ дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Дастаи «Саройкамар» дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз ба ҷойи дуюм фуромад.
Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ, ки бар тими мизбон — Коммуна-и Фархор  бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи аввал баромад.
Ёдовар мешавем, ки тими Панҷшер низ 12 имтиёз дорад ва таносуби тӯбҳояш нисбат ба Саройкамар беҳтар аст.
Дастаи «Помир»-и Душанбе, ки дар майдони худ тими «Чашма»-и Шаҳритусро бо  ҳисоби калони  6:3 шикаст дод, бо 10 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.