Роҳпаймоии ҷавонон дар ноҳияи Деваштич

Дар ноҳияи Деваштич  оид ба  раъйпурсии умумихалқӣ роҳпаймоии ҷавонон доир гардид. Дар роҳпаймоӣ аъзоёни НТҶҶ Созандагони Ватан ба иштирокдорон  маводҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.
Роҳпаймоӣ бо мақсади ҷонибдорӣ аз раъйпурсии умумихалқӣ доир гашта, дар он беш аз 2 ҳазор нафар ҷавонон, сокинон, собиқадорону фаъолон аз тамоми ташкилоту муассисаҳо бо мақсади тарафдор будан ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия пешбинигардида, тавсияву тақвияти равандҳои демократикунонӣ дар мамлакат, рушди  ҷомеаи Тоҷикистон ва боло рафтани авзои иқтисодию иҷтимоии онро инъикос намуда, мақсади ниҳоии он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба  ҳар як инсон мебошад.