«Ваҳдати миллӣ мароми мост»-силсилавохӯриҳо дар Файзобод

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ мароми мост» бо мақсади дар зеҳни мардум ҷой додани ғоя, андеша ва фарҳанги миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат, мубориза ба муқобили хурофот, тундгароӣ, риоя кардани танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи пояҳои конститутсионии давлат вохӯриҳои созанда бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор мегарданд.
Прокурори ноҳия Азиззода Сафо Саид иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ зикр кард, ки: «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».
Аз ин лиҳоз бояд ҳар як сокини кишвар ин суханҳои Пешвои миллатро оид ба гиромидошти Ватани азизу арзишҳои Ваҳдати миллӣ дастури ҳамешагии хеш қарор диҳад ва ба қадри ҳар қатра обу ҳар зарра хоки ин сарзамини биҳиштосо расида, истиқлолияти давлатиро ҳамчун неъмати бебаҳо арҷ гузошта, садоқат ба Ватан ва ватандӯстии хешро бо кору амали созанда ва ободгароёна қувват бахшад.
АМИТ «Ховар»

Tags: