Яке аз фармондеҳони саҳроии ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон маҳв гардид

Неруҳои давлатии Афғонистон яке аз фармондеҳони саҳроии ҳаракати «Толибон» мулло Абдулло Гулхонро дар музофоти Қундуз маҳв карданд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо такя ба гуфтаи намояндаи полиси маҳаллӣ хабар дод.
«Бо ёрии ҳавопаймои бесарнишин дар шаҳристони Имом Соҳиб мулло Абдулло Гулхон, бо тахаллуси Шамшер дар якҷоягӣ бо 4 муҳофизи мусаллаҳаш нобуд карда шуд», — гуфт намояндаи полис.
Бино ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, мулло Абдулло Гулхон дар силсилаҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла дар ташкили таркишҳо дар роҳҳо ва ҳамлаҳо ба неруҳои амниятӣ дар музофоти Қундуз даст доштааст.
АМИТ «Ховар»

Tags: