БМТ қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ муайян намуд

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 22 июн қурби 1 доллари ИМА ба 7.8685 сомонӣ, қурби 1 евро ба 8. 9032 сомонӣ баробар гаштааст.
Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи бонкҳои кишвар 1 рубли Русия 0.1200 сомонӣ муайян шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳисобгирӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро нисбат ба сомонии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муайян намуд: 1 юани чинӣ — 1.1949 сомонӣ, 1 фунт стерлинги Англия 11. 5958 сомонӣ, 1 франки Швейтсария — 8.1946 сомонӣ ва 1 риёли Арабистони Саудӣ — 2.0979 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ маҳсуб гашта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.
АМИТ «Ховар»

Tags: