Наҷибулло Ҷобиров

Наҷибулло Ҷобиров 26-уми феврали соли 1988  дар Тоҷикистон тавалуд шудааст. Номбурда соли 2012 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва соли 2014 Шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳро хатм кардааст
Наҷибулло аз моҳи октябри соли 2012 то имрӯз дар Идораи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии «Телевизиони Точикистон» фаъолият карда, муаллиф ва барандаи барномаи «Писари Ватан» мебошад. Ӯ соҳиби медали аълочии  Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи 2 ва дипломи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2014  дар бахши «Беҳтарин барномаи телевизионӣ дар соҳаи туризм» ва якчанд ифтихорномаҳо мебошад. Оиладор соҳиби 1 фарзанд.