Муҳибуллои Исматулло

Муҳибуллои Исматулло 18-уми июни соли 1992 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Номбурда, соли 2015 факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  бо касби иқтисодчӣ-менеҷер хатм кардааст.
Мавсуф инчунин муҳассили Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон асри 21” аст.
Муҳибулло фаъолияти кориашро соли 2012 ба ҳайси мухбир дар шабакаи «Садои Душанбе»-и радиои Тоҷикистон     шурўъ намуда, аз соли 2015 то ин тараф дар идораи барномаҳои иқтисодии «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир кор мекунад. Вай муаллифи барномаҳои «Рушд» ва «Соҳибкор» мебошад.