Меҳрангез Туразода

Меҳрангез Туразода 29-уми январи соли 1995 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номбурда  шўъбаи Журналистикаи ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзодаро соли 2017 хатм кардааст.Ў фаъолияти кориашро аз соли 2012 чун муҳаррири хурд дар Идораи барномаҳои фарҳангии "Телевизиони Тоҷикистон" шурўъ карда, то кунун дар ин идора кор мекунад. Меҳрангез бо унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон " сарфароз гардонида шудааст.