Маъруф Назарзода

Маъруф Назарзода 5-уми январи соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Номбурда соли 2010 шуъбаи журналистикаи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Ӯ ҳамчунин хатмкардаи  «Мактаби журналисти ҷавон», Мактаби кўтоҳмуддати журналистии «Тоҷикистон асри 21» ва Шуъбаи аспирантураи ИЗАШМХ-и Академияи илмҳои ҶТ мебошад.
Маъруф фаъолияти кориашро дар матбуот аз соли 2008 оғоз карда, муаллифи зиёда аз 50 мақолаи сиёсӣ ва илмӣ мебошад.
Номбурда солҳои 2008-2010 муҳаррири идораи иттилооти «Радиои  Тоҷикистон»  ва аз  соли 2010 то соли 2016 муҳаррири Идораи барномаҳои сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият кардааст. Ӯ аз моҳи январи соли 2017 то инҷониб дар вазифаи муовини сармуҳаррири Идораи барномаҳои сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият дорад.
Маъруф соли 2012 барои ишғоли ҷои 1-ум дар озмуни ҷумҳуриявии хушунати хонаводагӣ миёни журналистони Тоҷикистон, барои таҳияи беҳтарин барномаи телевизионӣ аз тарафи Дафтари СММ дар Тоҷикистон соҳиби гувоҳнома гардид.
Дар давоми фаъолияти корияш бо ифтихорномаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе қадр карда шудааст.
Аз соли 2007 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.