Кароматуллоҳи Муҳиддин 

Кароматуллоҳи Муҳиддин 18 январи  соли 1989 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номбурда соли 2011 факултаи Механикаву математикаи Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст.
Кароматуллоҳ соли 2011 дар “Телевизиони Тоҷикистон” чун муҳаррири хурди Идораи фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолиятро оғоз карда, аз  соли 2015 инҷониб чун муҳаррири варзида дар Идораи барномаҳои “Ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ”-и ин телевизион кор мекунад. Ӯ муаллифи шоу-барнома-озмуни телевизионии "Маҳфили зарифон" мебошад. Кароматуллоҳ такмили ихтисосро дар шабакаи ТРТ-и шаҳри Анқараи Туркия ва Академияи телевизион ва кинои шаҳри  Санкт-Петербурги Федератсияи Россия гирифтааст. Номбурда аз соли 2013 дар мавзӯи "Асосҳои методии ташвиқи донишҳои математикӣ тариқи ВАО"  пажӯҳиш мебарад. Вай ҳамзамон ба филминоманависӣ рағбат дошта, муаллифи филмномаҳои "Муфаттиш", "Нишона" ва "Рамида" мебошад. Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.