Имомиддин Расулов

Имомиддин Расулов 7-уми июли соли 1990 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номбурда хатмкардаи шуъбаи Журналистикаи  Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон мебошад.
Имомиддин фаъолияти меҳнатияшро аз соли 2009 дар Идораи барномаҳои иттилоотии Радиои Тоҷикистон оғоз намуда, аз моҳи сентябри соли 2011 то ин дам чун муҳаррир дар Идораи барномаҳои “Фарҳангӣ-фароғатӣ”-и Телевизиони Тоҷикистон кор мекунад. Мавсуф муаллифи барномаҳои “Дидори ошно”, “Мубоҳиса”, “Рози дил”, “Бозёфт-2012” “Ситораи футбол”  мебошад.