Идораи барномаҳои сиёсӣ

Идораи барномаҳои сиёсии “Телевизиони Тоҷикистон” фаъолияти худро ҷиҳати инъикоси саривақтии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии «Сиёсати муваффақ», «Мурофиа», «Тоҷикисон ва ҷаҳон», «Дар мавзӯи рӯз», «Парламент», «Меҳвари сиёсат», «Роҳнамо», «Таҳаввул», «Таҳқиқ» «Набзи рӯз» ва «Қонун»-ро таҳия ва пешниҳоди бинандагон мегардонад.
Айни замон дар идора 16 нафар коргарон фаъолият доранд: Раҳматулло Пиров-сармуҳаррир, Маъруф Назаров-муовини сармуҳаррир, Рустам Ашӯров-саркоргардон, Хайрулло Мадисоев-муҳаррири варзида, Фатҳиддин Маизов-муҳаррири варзида, Фирдавс Абдуҷалилов-муҳаррири варзида, Саъдулло Ятимов-коргардони дараҷаи Олӣ, Меҳрулло Муродуллозода-коргардони дараҷаи Олӣ, Дагиев Убайдулло-коргардони дараҷаи 1, Назира Сарфарозова-шореҳ, Завқибек Солеҳов-муҳаррир, Амир Иброҳимов-муҳаррир, Зафар Қаюмов-муҳаррир, Давлатёр Валиев-муҳаррири хурд, Фатҳулло Мирзоев-коргардони дараҷаи 3, Исмоилҷони Хурсанд-ёвари коргардон.
Барномаҳои дар идора таҳия мешуда ва аҳдофи онҳо:
1) «Сиёсати муваффақ»: Барномаи таҳлилии «Сиёсати муваффақ» меҳвари сиёсати «дарҳои боз»-ро ташкил дода, масъалаҳои муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва ташаббусу нақшофарии кишварамонро дар саҳнаҳои сиёсии ҷаҳон инъикос ва баррасӣ менамояд.
Муаллиф: Маъруф Назаров,Коргардон: Убайдулло Дагиев
2) «Тоҷикистон ва ҷаҳон»: Таҳаввулот ва рӯйдоду воқеаҳое, ки дар олами сиёсӣ ва иҷтимоии ҷаҳон ба амал меоянд, дар барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» бо иштироки коршиносон таҳлилу баррасӣ карда мешавад.
Муаллиф: Фатҳиддин Маизов, Коргардон: Убайдулло Дагиев
3) «Қонун»: Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон барномаи таҳлилӣ-ҳуқуқии «Қонун» таҳия мегардад. Ҳар як қарору қонуне, ки дар кишвари мо амал мекунанд, дар барномаи мазкур мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор дода мешавад.
Муаллиф: Валиев Давлатёр, Коргардон: Меҳрулло Муродуллозода
 4) «Дар мавзӯи рӯз»: Дар барнома масъалаҳои муҳиму мубрами Тоҷикистону ҷаҳон аз қабили суботу амният, Истиқлолият, Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъол ва ташааббускор дар ҳали масъалаҳои экологии глобалӣ ва ғайраҳо баррасӣ мегиранд
 Муаллиф: Пиров Раҳматулло,Коргардон: Рустам Ашӯров
5) «Мурофиа»: Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи шарҳвандон ва ҳимояи манфиати ҳуқуқии онҳо дар барномаи судӣ-ҳуқуқии «Мурофиа» инъикос мегардад. Барнома аз толори суд сабт гардида, дар он парвандаҳои гуногун аз тарафи судҳои кишвар баррасӣ карда мешаванд.
Муаллиф: Маъруф Назаров Коргардон: Ҷумъабой Султонов

6) «Таҳқиқ»: Ошкор намудани камбудиву норасогӣ ва нуқсонҳои ҷойдошта дар фаъолияти сохторҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳо ва инъикоси воқеъбинонаи татбиқи дастуру супоришҳо ва қарору қонунҳои соҳаҳои мухталиф дар барномаи таҳлилии «Таҳқиқ» пайгирӣ мешавад.
Муаллиф: Хайрулло Мадисоев Коргардон: Саъдулло Ятимов
7) «Таҳаввул»: Барнома фарогири самтҳои тарбияи ватандӯстӣ ва сиёсати давлатии ҷавонон, тарғиби арзишҳои миллӣ, шароити таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои олию миёна ва сиёсати иҷтимоии ҷавонон мебошад, ки мувофиқи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2017 соли ҷавонон эълон гардид. Дар умум барнома пешрафт ва тараққиёти соҳаҳои илму маориф, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар даврони соҳибистиқлолӣ инъикос хаҳад кард.
Муаллиф: Амир Иброҳимов Коргардон: Меҳрулло Муродуллозода
8) «Меҳвари сиёсат»: Дар барномаи «Меҳвари сиёсат» масъалаҳои муҳиму мубрами Тоҷикистон ва ҷаҳон аз қабили суботу амният, ягонагӣ. камшавии захираҳои табиӣ дар ҷаҳон, терроризму экстремизм, ҷудоихоҳӣ, бӯҳронҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва ғайраҳо бо иштироки коршиносони масъалаҳои сиёсӣ мавриди таҳлилу баррасӣ карор мегиранд.
Муаллиф: Зафар Қаюмов Коргардон: Меҳрулло Муродуллозода
 9) «Набзи рӯз»: Дар ин барнома рӯйдоду воқеаҳои ҳамарӯзаи ҷаҳон инъикос гардида, сабабу омилҳои сар задани амалҳои террористӣ, ҷудоихоҳӣ, амнияти минтақавия ҷаҳонӣ ва мавзуҳои дигар бо иштироки коршинос ба риштаи баҳсу таҳлил кашида мешавад.
Муаллифон: Фирдавс Абдуҷалилов Завқибек Солеҳов Коргардон: Рустам Ашӯров