Хўҷаназари Аминиён

Хўҷаназари Аминиён 20-уми марти соли  1972 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Номбурда соли 1995 факултаи  журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аминиён фаъолияти кориашро соли 1995  дар “Телевизиони Тоҷикистон” ба ҳайси мудири шуъбаи мухбирони минтақавӣ оғоз карда, аз  соли 1996 то соли 1999 ба ҳайси мухбири махсуси Телевизиони Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон, солҳоии 1999-2005 муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои иттилоотӣ ва аз соли 2005 то соли 2006  сармуҳаррири идораи барномаҳои  иқтисодии “Телевизиони Тоҷикистон” фаъолият намудааст.
Мавсуф аз соли 2006 то соли 2008 муовини аввали сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ ва аз моҳи  ноябри соли 2008 то феврали соли 2012  чун сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии “Телевизиони Тоҷикистон”,  аз 1-уми феврали соли  2012 то 1-уми  ноябри соли 2012 ба ҳайси мудири шуъбаи танзими барномаҳои “Телевизиони Тоҷикистон” фаъолият намудааст.
Хуҷаназари Аминиён аз моҳи  ноябри соли 2012 аз нав  сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии "Телевизиони Тоҷикистон" ва аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи майи соли 2016 ба ҳайси муовини Директори Телевизиони Тоҷикистон  кор кардааст.
Номбурда аз моҳи майи соли 2016 то инҷониб сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» мебошад.
Хизматҳои Хӯҷаназари Аминиён бо мукофоти давлатӣ-Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2006), Аълочии телевизион ва радио (соли 2009), Аълочии матбуот (соли 2012), Аълочии фахрии маорифи Тоҷикистон (соли 2013) ва Аълочии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2016)  қадр карда шудааст.
Ҳамчунин ҷаноби Аминиён  дар давоми фаъолияти кории худ барои хизматҳои арзанда  ва  инъикоси чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ дар «Телевизиони Тоҷикистон» ба Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод сарфароз гардидааст.
Номбурда дар давоми фаъолияти кори худ дар Телевизиони Тоҷикистон барои иштирок дар конфронсу чорабиниҳои омўзишии воситаҳои ахбори омма ва инъикоси чорабиниҳои муҳим ба шаҳрҳои Истамбул ва Анқараи Ҷумҳурии Туркия, шаҳрҳои Урумчи, Пекин, Ичан, Синан, Сиан, Хубей ва Шанхайи Ҷумҳурии  Мардумии Чин, шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Кошон, Исфаҳон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Киеви Украина, шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария, шаҳрҳои Москва, Уфа ва Оренбурги Федератсияи Россия ва шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафарҳои хизматӣ анҷом додааст.
Ҷаноби Аминиён аъзои ҲХДТ ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Оиладор,  соҳиби  4 фарзанд.