Дилшод Алсамадов

Дилшод Алсамадов 10-уми  майи соли 1989 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номбурда соли 2012 факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакиро хатм кардааст.
Дилшод фаъолияти кориашро соли 2009-ум ба ҳайси муҳаррири хурд дар идораи барномањои фарҳангӣ-фароғатии радиои «Тоҷикистон» оғоз карда, сипас дар вазифаҳои муҳаррир, муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррир, Раиси иттиҳодияи иттифоқи касабаи кормандони радиои «Тоҷикистон» фаъолият кардааст. Ӯ аз моҳи ноябри соли 2016 ба ҳайси муҳаррири варзида ба идораи барномаҳои «Ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ»-и телевизиони «Тоҷикистон»  фаълияташро идома дода, муаллифи барномаи «Кашшоф» мебошад.
Мавсуф соли 2016-ум ба ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.