​Дилафрўз Раҳмат

Дилафрўз Раҳмат 26-октябри соли 1984 ба дунё омадааст. Ӯ соли 2007 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси менеҷер-маркетолог хатм кардааст.
Фаъолияти кории худро аз 15-уми апрели соли 2010 дар идораи барномаҳои иттилоотии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон (ҳоло Телевизиони Тоҷикистон) ба ҳайси муҳарририи барномаи иттилоотии «Ахбор» шуруъ намудааст. Дар ин давра вобаста ба мавзўҳои гуногун гузоришу барномаҳои таҳлилӣ омода намуда, пешкаши мухлисони "Телевизиони Тоҷикистон" гардонидааст.
Муаллиф ва барандаи шоу-барномаи «Муд», барномаи таҳлилии «Чашми рўз» ва лавҳаю роликҳҳои тарғиботӣ мебошад.
Айни замон фаъолияти худро ба ҳайси сармуҳаррири идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар Телевизиони Тоҷикистон идома дода истодааст. 
Дилафрўз Раҳмат дорандаи нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Кумитаи телевизион ва радио мебошад.