COVID-19. Нахустин ваксина бар зидди коронавирус аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд

Шоми 8 март 192 000 воя ваксина тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маросими расмии таҳвил ва қабули ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Хусейнзода, Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх, Роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олсавски, Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрлин Йосефсон, Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ ва дигар ашхоси расмӣ иштирок намуданд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати британиягии Оксфорд «AstraZeneca», ки тибқи иҷозатномаи он дар «Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон» (Srum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад. Ин ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулода истифодабарандаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он дар 61 давлати ҷаҳон истифода бурда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи аввал тибқи Нақшаи миллӣ ваксинаҳои тавассути механизми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ COVAX воридшуда барои фарогирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм нигаронида шудааст.

Дар баробари ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии бештари аҳолӣ бо иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд ва вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯиҳо вусъат дода шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: