Беҳрӯз Довудов

  


         Беҳрӯз Довудов 18-уми майи соли 1992 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Номбурда  соли 2016 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Беҳрӯз фаъолияти кориашро соли 2014 ба ҳайси муҳаррири хурд, дар Идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ шуруъ намуда, соли 2017 коргардони дараҷаи 3 - шуъбаи танзим гашта, кор мекунад. Кордониву фаъол будани Беҳрӯзро ба назар гирифта, 18 – уми январи соли 2020 ӯро мудири шуъбаи танзими барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон таъин мекунанд, ки то инҷониб дар ин вазифа кору фаъолият дорад.