Ашўров Рустамҷон

Ашўров Рустамҷон 27-уми апрели соли 1979 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Номбурда фориғуттаҳсили ДДОТ ба номи С. Айнӣ  ва ДДСТ ба номи М. Турсунзода мебошад.
Фаъолияти меҳнатии Ашӯров соли 2003 чун наворбардор дар «Телевизиони Тоҷикистон» оғоз гардида, аз соли 2005 то соли 2011 дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ҳамчун сардори Идораи наворбардорон ва ҳамзамон сардори Идораи тасвирбардорон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин як муддат ба ҳайси сардори Идораи кино ва таҳияи филмҳои Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Ашӯров айни замон дар Идораи барномаҳои сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси саркоргардон фаъолият карда истодааст. Вай бо унвонҳои Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радио ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.