Амрохон Тоҷов

Амрохон Тоҷов17-уми сентябри соли 1985 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст
Номбурда соли 2008 факултаи журналистикаи Донишгоҳи Милли Тоҷикистонро хатм кардааст. Амрохон фаъолияти кориашро аз соли 2006 дар идораи барномаҳои иттилоотии «Ахбор»-и «Телевизиони Тоҷикистон» чун муҳаррир шуруъ кардаааст.  Ӯ солҳои 2009-2011 дар Муассисаи давлатаии телевизиони «Ҷаҳоннамо» чун муҳаррири варзида кор карда,  аз 25-уми январи соли 2011 боз ба идораи барномаи «Ахбор»-и «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолияташро давом додааст.
Мавсуф аз моҳи октябри соли 2015 то ин дам ҳамчун муҳаррири варзида дар идораи барномаҳои иқтисодии «Телевизиони Тоҷикистон» кор карда, муаллифи барномаҳои «Иқтисод», «Агроиқтисод» ва «Ҷаҳони иқтисод» мебошад.